ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Қурбониёни ошӯб дар Бағдод, пойтахти Ироқ алакай ба 20 нафар расиданд ва беш аз 300 нафар маҷруҳ шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Al Jazeera" хабар медиҳад.
Нооромиҳо дар ин шаҳр пас аз он шурӯъ шуд, ки раҳбари маъруфи шиъа Муқтадо Садр бинобар норизоиятии ҳукумати Ироқ барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ ва таъсиси эътилофи густурдаи нирӯҳои шиъа дар ҳукумат аз сиёсат хориҷ шуданагро эълом кард.
Пас аз ин садҳо ҷонибдорони сиёсатмадор ба “минтақаи сабз”-и Бағдод, ки муассисаҳои давлатӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳо ҷойгиранд, зада даромаданд.
Онҳо сипас вориди қароргоҳи ҳукумат шуданд ва дар он ҷо бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд, ки дар пайи он нерӯҳои амниятӣ бо истифода аз яроқ ва гази ашковар Қасри ҷумҳуриро озод кунанд.
Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дар Бағдод ва Басра задухӯрдҳои шадид миёни бригадаи "Сарой ас-Саломи" тобеъи Ас-Садр ва дастаҳои шиъиён "Ал-Ҳашд аш-Шабӣ" идома дорад.
Тарафҳо аз миномётҳо ва пулемётҳои вазнин истифода мебаранд. Ҳукуматдорони мамлакат дар Ироқ соати комендантӣ эълон карданд ва нерӯҳои вижаи артиш барои таъмини амният ба пойтахт фиристоода шуданд.
Дар задухӯрд аллакай ду сарбоз ба ҳалокат расидаанд. Ба далели вазъи ноустувор ҳукумат рӯзи сешанберо рӯзи ғайрикорӣ эълон кард.
Нахуствазири Ироқ Мустафо ал-Козимӣ аз Муқтадо Садр хостааст, ки аз тарафдоронаш даъват кунад, ки биноҳои ҳукуматии ишғолкардаашонро тарк кунанд.
Дар навбати худ сиёсатмадор аз оғози гуруснанишинӣ хабар дод, ки қасд дорад то поёни хушунатҳо дар кишвар идома диҳад.
Бархе аз давлатҳо аз нооромиҳо дар Ироқ изҳори нигаронӣ карда, ба ҳалли зудтари вазъ изҳори умедворӣ карданд. Чунин изҳорот аз ҷониби Туркия ва Миср садо доданд.
Дар ҳоли ҳозир ҳукумат ва нерӯҳои сиёсии кишвар дар мавриди оташбас музокира доранд.