Афзоиши сохтмони манзил дар Тоҷикистон

Зарфи ҳашт моҳ дар Тоҷикистон афзоиши сохтмони манзилҳои истиқоматӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мушоҳида шуда, ки ин афзоиш 3,9% гуфта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ афзоиши чашмгире доштааст.
Афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо асосан биноҳои истиқоматии 1 ва 2-ошёна сохта мешаванд, хабар медиҳад, "Авеста" дар такя ба Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба масоҳати умумии 683 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Бино ба иттилои Кумита, биноҳои бисёрошёна асосан дар шаҳру марказҳои вилоятӣ, ки шабакаҳои канализатсия мавҷуд аст, сохта мешаванд.
Хона дар Осиёи Марказӣ дар куҷо арзон асту куҷо гарон?
Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе дар ин давра 105,1 хазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки ин 15,3 фоизи масохати умумии хонахои сохташударо ташкил медихад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Маҳмадсаид Зувайдзод, раҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар гуфт, ки арзиши хонаҳо дар Тоҷикистон нисбати дигар давлатҳо баланд нест.
Ба таъкиди ӯ, нархи як метри мураббаъ манзили истиқоматӣ дар кишвар ба ҳисоби миёна 4 170 сомониро ташкил медиҳад.
"Се сол гузашту қарори ҳукумат иҷро намешавад": Нигаронии Юсуф Раҳмон аз сохтмонҳо
Гуфта мешавад, тамоми муқаррарот ва қоидаҳои шаҳрсозии Тоҷикистон бо назардошти шароити меъморӣ, иҷтимоӣ, демографӣ, гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, талаботи бехатарии сӯхтор ва сейсмикӣ таҳия шудаанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ, дар кишвар, дар маҷмуъ 2108 ширкат иҷозатномаи сохтмонӣ доранд, ки 53-тои онҳо ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои Туркия ва дигар кишварҳо мебошанд.