Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, сарбозони артиши Украина муқовимати шадид карданд, аммо бинобар кори ҳамоҳангшудаи нерӯҳои ҳавоӣ шаҳрак зуд ба зери контроли артиши Русия даромад.
Чӣ гуна низомиён Русия дар деҳаи Благодатноеи вилояти Николаев ҷангиданд - дар видеои мо тамошо намоед.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.