ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Нархи ангишт дар Тоҷикистон 20-25% боло рафта, 1 тоннаи он дар конҳои ҷумҳурӣ аз 200 то 400 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст, хабар дод "Ховар" аз қавли Муҳиддин Давлатов, масъули бахши ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ.
Давлатов тавзеҳ додааст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон як тонна ангишт аз 600-800 то 1000 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки он ба хароҷоти интиқол тавассути нақлиёти боркашонӣ вобаста аст.
"Ба хориҷи кишвар як тонна ангишт аз 40 то 70 доллар ба фурӯш бароварда мешавад", - изҳор дошт мақомдори вазорати саноат.
Таъкид шудаст, ки нархгузории ангишт дар ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Ожонси зиддиинҳисорӣ роҳандозӣ мешавад. Давлатов далели боло рафтани нархи ангиштро ба омилҳои берунӣ, аз ҷумла нархи сӯзишворӣ рабт додаст.
Инчунин, баъзе намуди маводи таркишии таъйиноти саноатиро зикр намудаст, ки дар корҳои истихроҷ истифода мешаванду асосан аз Русия ворид мегарданд.
Соли равон нақшаи истихроҷи ангишт бо назардошти талаботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 2,7 млн тонна пешбинӣ шудааст. Аз ин ҳаҷми истихроҷ зиёда аз 1 млну 400 ҳазор тонна ба фурӯш бароварда мешавад.
Феълан дар бахши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 14 корхона, аз ҷумла корхонаҳои ангишти "Фон-Яғноб", "Комбинати металлургии Тоҷик", "Зиддӣ", "Талко Ресурс", "Қудрат", "Вена", "Тоҷагропромэкспорт", "Ширкати алюминийи Тоҷик" ва ғайра фаъолияти истеҳсолӣ доранд, ки аз онҳо 4 корхона давлатӣ буда, боқимонда хусусӣ мебошанд.