Русия иншооти низомӣ дар Тоҷикистонро ҳимоят кард

Дар доираи барномаи размоиши сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҷангҷӯён иншооти муҳимро дар Тоҷикистон ҳадафи ҳамла қарор доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Сарбозони Русия иншооти низомӣ дар Тоҷикистонро аз ҳамлаи ҷангҷӯёни шартӣ ҳимоят карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбии ФР.
Ба иттилои манбаъ, низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар як минтақаи аҳолинишин амалиёти ҷангӣ анҷом дода, ҳамлаи як гурӯҳи шартии мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба иншооти инфрасохтори ҳарбиро бартараф карданд.
Ҳарбиён дар ҳамкорӣ бо воҳиди миномётӣ амалиёти дифоӣ, иктишофӣ ва зарбазании сайёр анҷом дода, инчунин дар як маҳаллаи аҳолинишин ҷанги шартӣ гузаронданд.
"Тибқи нақшаи тамринҳо "душман" бо мақсади ноором кардани вазъ, забт намудани иншооти таъминоти моддӣ ва шабакаҳои алоқа ба минтақаи куҳии размоишгоҳи Самбулӣ ҳаракат кардааст", - гуфтанд дар ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Иштироки Тоҷикистон дар размоиши байналмилалӣ барои таъмини амнияти Русия ва муттаҳидонаш
Минбаъд, пас аз гирифтани маълумот дар бораи наздик шудани ҷанговарон тирандозони савораи пойгоҳи низомӣ бо техника ба минтақаи шартӣ ҳозир шуда, мавқеъ гирифтанд.
Дар пайи ин амалиёти маҳвсозии гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро бо муваффақият гузаронданд.
Таъкид шудааст, ки дар размоишҳои мазкур маҷмааи "Азарт" кор бурда шуданд
Маврид ба зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди низомии хушкигарди ФР дар берун аз марзи он буда, дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.
Пойгоҳи низомии 201-ум нерӯҳои тирандози савора, тонкӣ, иктишофӣ, дифои ҳавоӣ, ҳимояти кимиёӣ биологӣ ва алоқаро фаро мегирад.