Путин: Кишварҳои исломӣ шарикони суннатии Русияанд

Раисҷумҳури Русия зимни истиқбол аз иштирокдорони ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Қазон умед ба таҳкими ҳамкориҳо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Кишварҳои ҷаҳони ислом шарикони суннатии Русия дар ҳалли масъалаҳои мубрами минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мебошанд.
Ин нукта дар паёми Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба иштирокдорони ҳамоиши ҷавонони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар Қазон таъкид шуд, ки онро президенти Тотористон, Рустам Минниханов қироат крад.
Ӯ ҳамчунин аз талошҳои муштарак барои барои бунёди тартиботи одилонатару демократии ҷаҳонӣ гуфта, муҳим хондаст, ҷавонон ба чунин ҳамкориҳои созанда ва гуногунҷанба ҳарчи бештар ҷалб карда шаванд.
Путин таъкид кард, ки интихоби шаҳри Қазон ба унвони пойтахти ҷавонони Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ мизони баланди равобити Русия бо ин сохтори бонуфузи байналмиллалиро таъйид мекунад.
Русия ва Эрон омода ба таъсиси иттиҳоди роҳбурдӣ ҳастанд
Ба гуфтаи раҳбари Русия, мулоқоти ҷавонон дар Қазон, ки дар он садҳо вакилони даҳҳо кишвар ширкат доштанд, ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди байни халқҳои кишварҳо мусоидат мекунад.
Ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонон дар Қазон рӯзҳои 27-30 август дар назар буда, аз Тоҷикистон дар он ҳудуди 30 ҷавон иштирок мекунанд. Роҳбарии ҳайати ҷавонони тоҷикистониро дар ин ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Шабнам Раҳимзода ба уҳда дорад.
Баргузоркунандагони ҳамоиш мавзӯъҳои баррасишаванда дар ин ҳамоишро муҳоҷирати ҷавонон, муколамаи байнифарҳангӣ, соҳибкории ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз гуфтанд.