Нархи бархе маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон поин рафтааст

Сабаби коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба мавсими ҳосилғундорӣ ва афзоиши воридоти маҳсулот рабт дода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар давоми як ҳафтаи охир нархи се навъи маҳсули ниёзи аввал дар Тоҷикистон поин рафтааст, хабар дод "Ховар" бо такя ба арзёбии нархҳо дар 8 бозори ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, мушоҳидаи нархҳо муайян намудааст, ки арзиши орд, равған ва шакар дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта поён рафтааст.
Таъкид шудааст, ки ҳоло қимати як кило орд дар Душанбе ҳудуди 7 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта 3% арзонтар аст. Дар аксари бозорҳои ноҳияҳо нархи як кило орд каме беш аз 6 сомонӣ аст, афзуд манбаъ.
"Нархи 5 литр равған, ки чанд ҳафта пеш 160 сомонӣ буд, ҳоло то 140 сомонӣ поён рафтааст. Сабаби коҳиш ёфтани нархҳо мавсими ҳосилғундорӣ ва афзоиши воридоти маҳсулоти ғизоӣ арзёбӣ мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки барои таъмини ниёзи мардум ва арзонию фаровонӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ғизоӣ баргузор кунанд.
Арзонӣ дар бозорҳои Ӯзбекистон – лутфи ҳукумат ба хотири истиқлол: акс
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз эҳтимоли камбуди ғизо ҳушдор дод. Ӯ гуфт, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба он – камобии шадид ва хушксолӣ, норасоии маҳсулоти озуқа қариб дар тамоми кишварҳои олам боиси хатари гуруснагӣ дар бархе аз кишварҳо мегардад.
Вай дигарбора шаҳрвандонро ба захираи дусолаи ғизо даъват намуда, афзуд, ки мақомоти маҳаллӣ масъалаи мазкурро назорат кунанд.