Манбаъ: Халабонҳои афғон ба Украина ҷалб мешаванд

Ҳайати халабонҳои ботаҷрибаи нерӯҳои ҳавоии Украина амалан нобуд карда шуда, ҳоло бо мусоидати Пентагон бо халабонҳои афғон иваз карда шуда истодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Русия амалан ҳайати баландихтисосу таҷрибадори қувваҳои ҳавоии Украинаро аз байн бурданд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба як манбаи низомию дипломатӣ.
Манбаъ афзуд, ки дар ин вазъият Пентагон халабонҳои афғонро барои Киев, ки як сол пеш ба Амрико фирор карда буданд, ҷалб мекунад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, талошҳои кишварҳои ғарбӣ барои ҷалби халабонҳои ҳавопаймоҳои шӯравӣ бар асоси қарордод аз Лаҳистон ва кишварҳои дигари Аврупои Шарқӣ бенатиҷа анҷом ёфтанд ва онҳое, ки розӣ шудаанд, "аллакай зери хок ва ё дар бемористонҳо ҳастанд".
Дар мавриди боқимондаҳои нерӯҳои ҳавоии Украина, мусоҳиб тавзеҳ додаст, ки Киев барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ курсантҳои собиқи Донишкадаи низомии Харковро равона карда истодааст, ки барои хатми таҳсил фурсат надоштанд.
Иштироки Тоҷикистон дар размоиши байналмилалӣ барои таъмини амнияти Русия ва муттаҳидонаш
Ба қавли ӯ, ин халабонҳои камтаҷриба агар дар парвози якум не, пас дар парвози дуюми ҷангӣ ҳадафи зарба қарор мегиранд.
Манбаи низомию дипломатӣ изҳори итминон кард, ки кӯшиши "пур кардани сӯроохҳо" дар пасманзари нарасидани низомиёни тахассусӣ дар Украина фалокатро барои Киев ва Вашингтон ба таъхир меандозад, аммо "ба натиҷаи ниҳоии амалиёт ҳеч таъсир намерасонад".
Ба иттилои Вазорати дифои Русия аз оғози амалиёти вижа 274 ҳавопаймо ва 148 чархболи артиши Украинаро нобуд кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан иттилоъ дода шуд, халабонҳои украинӣ соли 2023 дар чаҳорчӯби ташаббуси ИМА парвоз кардан дар ҳавопаймоҳои амрикоии F-15 ва F-16-ро меомӯзанд. Инчунин намояндагони Пентагон изҳор дошта буданд, ки парки техникии нерҳои ҳавоии украиниро тақвият мебахшанд.