ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳодисаи нопадидшавии ин маҳбус даҳ рӯз қабл рух додааст. Мақомот ҳодисаи фирори Аҳмадбек Саидовро, ки гуфта мешавад, сокини 35-солаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аст, расман шарҳ надодаанд.
Манобеъ аз мақомоти зиндонбонии ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи бедарак шудани Саидов ҳоло дар маҳкамаҳои тафтишотӣ ва маҳбасхонаҳои ҳудуди кишвар низоми казармавӣ ҷорӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол ронандаҳои таксии масири Душанбе – Хуҷанд мегуянд, “беш аз даҳ рӯз ба ин тараф дар роҳҳои бузурги мошингард дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе ва даромадгоҳи шаҳри Хуҷанд постҳои шабона ташкил шуда мақомот дар даст акси маҳбуси гурехтаро дошта аз ронандагону мусофирон дар бораи дидани он мепурсанд”.
Бар пояи иттилоъи дарёфтӣ Саидов дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 249 – и асноди ҷиноии кишвар “роҳзанӣ” муттаҳам дониста шуда 15 сол ба ин тараф дар шумори афроди ҷинояткор ҷустуҷӯ мешуд.
Ӯ чанд рӯз қабл дар ҳудуди Русия дастгир шуда ба Тоҷикистон интиқол дода шуда буд.
Зимнан ҷустуҷӯи ин маҳбуси фирорӣ аз сӯи мақомот идома дорад.