Ҳимояти Ҳукумати Тоҷикистон аз созишнома бо ширкати "Ориён инвест"

Ширкати таъсисдода аз сӯйи муассисони "Ориёнбонк" имкон пайдо кард, то дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон корхонаи тавлиди сементро фаъол созад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат тарҳи созишномаи сармоягузорӣ бо ширкати "Ориён инвест"-ро ба тасвиб расондааст.
Бар асоси қарори мазкур, ширкати сармоягузорию истеҳсолии "Ориён инвест" корхонаи тавлиди сементро дар Қубодиён бунёду фаъол мекунад. Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки аз номи ҳукумати Тоҷикистон созишномаи мазкурро имзо кунад.
Бар асоси иттилои расида, ширкати истеҳсолию инвеститсионии "Ориён инвест" соли 2015 бо қарори муассисони ҶСК "Ориёнбонк" таъсис ёфтааст. Фаъолияти асосии ширкат барои пешниҳоди хизматрасониҳои инвеститсионию истеҳсолӣ дар самти иқтисод равона карда шудааст, омадааст дар муаррифиномаи ширкат дар сомонааш.
Афзоиши тавлиду содироти ангишт дар Тоҷикистон
Азми фаъолсозии корхонаи дигар дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 корхона ба тавлиди семент машғул мебошанд. Иқтидори солонаи онҳо дар маҷмуъ 5,6 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
Истеҳсолкунандагони асосӣ ҶДММ "Ҷунтай Моҳир" ва ҶДММ "Хуаксин Ғаюр Семент" дар Ёвон, инчунин "Хуаксин Ғаюр (Суғд) Семент" мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли қаблӣ дар кишвар беш аз 4,2 млн тонна семент тавлид шуда буд. Тибқи омор, ҳамасола ҳудуди 1,5 млн тонна аз ҳаҷми умумии маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя содир мешавад.