ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Аввалин қатори мусофирбар баъди танаффуси дусола аз Душанбе ба сӯйи Волгоград равон шуд.
Бар асари пандемияи коронавирус иртиботи қаторӣ миёни Тоҷикистону Русия ба муҳлати ду сол қатъ гардида буд.
Нархи билети ҷои нишаст 1434 сомонӣ, дар купе 1856 сомонӣ буд.
Сафар аз Душанбе бп Волгоград тақрибан 2,5 рӯзро ташкил медиҳад ва дар ин хатсайр ҳар ҳафта мусофиркашонӣ анҷом дода мешаванд.
Қарор аст, 7 сентябр боз як хатсайри дигар: Хуҷанд - Волгоград ба роҳ барояд.
Фурӯши чиптаҳо барои ин масир аллакай боз аст.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Волгоград рӯзи 16 август анҷом ёфт.