ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар ноҳияи А.Ҷомӣ як садамаи мудҳише рух додааст. Падар писари хурдсолашро бо мошинаш ҳангоми ҳаракат ба қафо пахш намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВКД-и Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-4502”, Бердиев Ашуралӣ, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, бо мақсади ба хонаи истиқоматиашон даровардани мошинаш ҳангоми ҳаракат ба қисмати қафо аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, писари хурдсолаш Бердизода Мусулмон Ашуралӣ, соли таваллудаш 2019-ро пахш намудааст.
ВУД бо таасуф хабар додааст, ки дар натиҷа, хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин ВУД Тоҷикистон дар бораи як садамаи маргбори дигар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, садамаи мазкур дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ", дар ҳудуди ноҳияи Спитамен рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи “Тойота-Марк”, таҳти идораи сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Вадудов Дилшод, сокини ноҳияи Фархор бархӯрдааст”, - иттилоъ додааст ВУД.
Манбаъ илова кардааст, ки дар натиҷа ҳарду ронандагон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.
“Аммо ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” мутаасифона дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, хабар додааст ВУД.
Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ин ҳаводис аз тарафи кормандони милитсияи Тоҷикистон идома доранд.