Шарҳи толибон дар мавриди интиқоли силоҳу нерӯ ба марзи Тоҷикистон

Толибон ахиран тайи як изҳороте интиқоли нерӯ ва силоҳ ба марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро ба таъмини амнияти ин кишвар рабт доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя таҳдид нахоҳад кард, мегӯяд сухангӯи расмии ҳукумати толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ки шабакаи телевизионии “Ariana News” суханони ӯро пахш кардааст.
"Мо 100 дарсад ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, аз ҷумла Русия итминон медиҳем, ки аз хоки Афғонистон ба ҳеҷ кишваре таҳдиде вуҷуд надорад ва онҳо набояд аз ин нигарон бошанд", - изҳор дошт Муҷоҳид.
Вай таъкид кард, ки толибон масъули таъмини амният дар Афғонистон ҳастанд.
Ин изҳоротро намояндаи мақомоти ҷадиди Афғонистон дар пасманзари гузоришҳои ахири бархе аз расонаҳои хабарӣ кард, ки гӯё толибон нерӯҳояшро ба марзи Тоҷикистон интиқол додаанд.
Ин бори аввал нест, ки чунин маълумот ва ҳамчунин изҳороти толибон дар бораи мавҷуд набудани таҳдид ба ҳамсоягони Афғонистон расонаӣ мешавад.
Толибон беш аз 23 миллион вебсайтро бастанд
Дар ҳамин ҳол, сиёсатмадорони Тоҷикистону Русия борҳо дар бораи хатар ва таҳдидҳо аз тарафи Афғонистон изҳори нигаронӣ карда буданд.
Пас аз иваз шудани ҳокимият дар моҳи августи соли 2021 вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бадтар шуд. Дар кишвар бӯҳрони башардӯстона ба амал омад. Бар асари мунҷамид шудани дороиҳои хориҷӣ, кишвар қариб бепул монд ва тарки оммавии мутахассисон боиси мушкилоти ҷиддӣ дар бахши тиб гардид.
Дар Афғонистон низ вазъи иқтисодӣ босуръат бад мешавад: қимати маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар ҳоли болоравӣ қарор дорад. Садҳо ҳазор нафар аз кор маҳрум ва фаъолияти молӣ дар ин кишвар башиддат коҳиш ёфтааст.
Таҳти рохбарии толибон давлат дар вазъияти вазнин қарор дорад, қашшокӣ, терроризм ва савдои маводи мухаддир дар он авҷ гирифтааст.