Омодагии Тоҷикистон барои кумак ба Афғонистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо намояндаи СММ идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳониро зарур шумурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тоҷикистон омодааст, имкониятҳои логистикиашро барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон дар ихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ қарор диҳад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар дидор бо раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳид.
Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, зимни баррасии вазъи Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории васеъ ва амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар ҷонибдорӣ кардааст.
“Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати истифодаи васеи имкониятҳои логистикиаш барои расонидани чунин кумак ба мардуми Афғонистон таъкид намуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.
Ҳушдори Раҳмон аз гуруснагию сармо дар Афғонистон: Ӯ аз ташкили ҳукумати фарогир гуфт
“Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид”,- зикр кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо дар самти мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамкории муштараки кишварҳои аъзои Созмонро зарур донистанд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз нақши муассири СММ дар умури байналмилалӣ, бахусус таъмини рушди устувор ва истиқрори сулҳу субот таъкид намуданд.