ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тайи моҳҳои январ-июл дар Тоҷикистон 13,6 ҳазор ҷиноят сабт шудааст, иттилоъ дод хабаргузории "Авеста" аз қавли Ожонси омори ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ наздики 11% камтар аст. Дар ин миён танҳо шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон истисноанд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар он ҷо афзоиш ёфтааст.
Аз ҷумла Ожонси омор афзоиши ҷинояткорӣ дар ВМКБ-ро 29,2% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 арзёбӣ кардааст.
Дар феҳрасти ҷинояти камшуда аз ҷумла куштору дуздӣ мебошанд. Ба иттилои Ожонси омори Тоҷикистон ҳодисаҳои куштор ва сӯиқасд ба куштор 28,8%, таҷовуз ба номус 18,5%, ғоратгарӣ 8,4%, дуздӣ 19,4% кам шудаст.
Аммо ҳодисаҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 9,5%, савдои одамон 22,2% ва ғоратгарӣ 9,1% зиёд шудааст, афзуд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки ниҳодҳои амниятии кишвар тайи ним соли гузашта 720 ҷинояти марбут ба терроризму экстремизмро ошкор ва ба қайд гирифтаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 106 адад зиёд аст.
Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, афзоиши сатҳи ҷиноятҳои вобаста ба самти терроризм дар қиёс бо ҳамин давраи ҳисоботии соли гузаштаро ба амалиёт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рабт дорад.