ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи вазъи имрӯзаи Афғонистон табодули назар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар суҳбати телефонӣ бо Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ таъкид доштааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба кумакҳои башарии худ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон идома диҳанд ва онҳоро дар шароити мушкили имрӯза танҳо нагузоранд.
Таъкид шудааст, ки дар ин гуфтугӯ вобаста ба ин роҳбари кишвар омодагии ҷониби Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар ин раванд, аз ҷумла тавассути пешниҳоди имкониятҳои логистикии кишвар барои расонидани чунин кумак иброз кардааст.
Қайд карда шудааст, ки президенти Тоҷикистон дар баробари зикри нақши муҳими ҳайати СММ дар бораи мусоидат ба Афғонистон, изҳори умед намудааст, ки Созмон ва ниҳодҳои марбутаи он ба қазияи Афғонистон минбаъд низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир хоҳанд кард.
Гуфта шудааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба тамосҳо ҷиҳати баррасии ин ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ идома хоҳанд дод.
Ҳамзамон тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур тарафҳо зимни суҳбати телефонӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва СММ-ро, аз ҷумла дар масоили калидии байналмилалӣ, бахусус таъмини сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мавриди баррасӣ қарор доданд.
Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои идомаи тақвияти ҳамкорӣ бо СММ ва ниҳодҳои сохтории он дар ростои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ, бахусус масъалаҳои обу иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таъкид намудааст.