ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тоҷикистон ҳавасмандияшро барои зиёд намудани бурсияҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Свердловск баён дошта, хостори сармоягузориҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар шудааст.
Ин нукта дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев дар шаҳри Екатеринбург баррасӣ гардидаст.
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, Гулмаҳмадзода ва Куйвашев дар бораи вазъи кунунии равобити минтақаҳои ҶТ бо вилояти Свердловск дар соҳаҳои мухталиф ва дурнамои ҳамкориитиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ арзёбӣ шуданд.
Дар мавриди омода намудани кадрҳои баландихтисос ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандияшро барои зиёд кардани шумораи бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии вилояти Свердловск ҳавасмандияшро баён доштаст.
Дипломати тоҷик инчунин аз имкониятҳои истифоданашуда дар бахши иқтисодӣ зикр карда, таҳкими ҳамкорӣ дар риштаи тиҷорату сармоягузориро муҳим хондаст.
Ҷонибҳо аз ҷумла содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба вилояти Свердловск ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии ҶТ-ро ба миён гузоштаанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан аз созиш барои афзоиши маҳсулоти Тоҷикистон, аз ҷумла меваю сабзавот ба вилояти Свердловск хабар дода шуда буд.