Вузарои дифои СҲШ дар Ӯзбекистон низоми нави ҷаҳониро муайян мекунанд

Сарони вазоратҳои низомии ҳашт кишвари СҲШ, чаҳор кишвари нозир ва шаш кишвари шарики муколама аз манфиатҳои 3,6 миллиард нафар намояндагӣ мекунанд
Sputnik
Ин қариб нисфи аҳолии Заминро ташкил медиҳад ва имрӯз дар Тошканд онҳо асосан ояндаи низоми ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷойгоҳ ва мавқеи Ғарби дастаҷамъӣ — ИМА ва НАТО-ро муайян мекунанд.
Рӯзи 24 август вазирони дифои кишварҳои СҲШ ва кишварҳои нозир дар пойтахти Узбакистон мулоқот мекунанд. Дар он ҳайатҳои низомии Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Беларус ширкат мекунанд.
Масъалаҳои ҳамкориҳо дар арсаи низомӣ, чолишҳои амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла талошҳои ИМА барои “ҷунбондан”-и Аврупо ва Осиё, роҳи бесубот кардани канораҳои Русия ва Чин, заиф кардани рақибон баррасӣ мешаванд.
Ҳайатҳои низомии кишварҳои СҲШ дар чаҳорчӯби Нақшаи ҳамкорӣ барои солҳои 2022-2023 тадбирҳои безараргардонии таҳдидҳоро пешниҳод карданд. Дар пасманзари фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи террористии байналмилалӣ вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аҳамияти машқҳои муштараки фармондеҳии Ситоди Сулҳро барои таҳияи ҳамкории мақомоти фармондеҳии ҳарбӣ ва қӯшунҳо зикр карданд.
Омодагии Самарқанд барои баргузории нишасти СҲШ — видео
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба ҳамкорони худ хотиррасон кард, ки “Миссияи сулҳи 2023” дар қаламрави Русия баргузор мешавад ва тирамоҳи имсол як силсила машқҳои СПАД дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Дар ҳошияи мулоқот дидорҳои дуҷониба низ баргузор мешаванд. Ҳамин тавр рушди ҳамкориҳои низомии Беларус ва Ҳиндустонро вазирони дифои ин ҷамоҳир Виктор Хренин ва Раҷнат Сингҳ баррасӣ карданд.
Амнияти кишварҳои Созмони Шанхай бисёрҷанба буда, ҳамкориро дар бисёр бахшҳо тақозо мекунад. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 23 август бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ нишасти сарони СҲШ дар Самарқандро дар моҳи сентябр баррасӣ кардааст.
Қаблан дар пойтахти Узбакистон нишасти дабирони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви СҲШ баргузор ва дар он дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев ба шарикон хотиррасон карда буд, ки тамринҳои низомии ИМА дар минтақа "барқарор аст. Ба амрикоиҳо, пеш аз ҳама барои омӯзиши театри эҳтимолии амалиёти низомӣ, мушаххас кардани координатҳои ҳадафҳои ояндадор ва ислоҳи харитаҳои рақамӣ барои аслиҳаи дақиқ зарур аст".

Мавқеи Русия

Дар ин нишаст Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба нақши афзояндаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳамчун як маркази нави қудрати ҷаҳонӣ ва "намунаи равобити байнидавлатӣ бар асоси баробарӣ ва эҳтироми мутақобила" ишора кард.
Бинобар ин ҳамкории низомӣ, машварати мунтазам дар робита ба масоили амниятӣ дар шароити ноустувори байналмилалӣ муҳим аст.
Русия аз ҳама гуна ташаббусҳои байналмилалӣ барои ҳалли масъалаи Афғонистон истиқбол мекунад ва ҳамзамон барои таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ чора меандешад.
Вазорати дифои Русия бо дарназардошти вазъи Афғонистон (ташкилотҳои байналмилалии террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, идеологияи радикализми динӣ) омодагии ҷангии пойгоҳҳои худ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва нерӯҳои вокуниш ба буҳронро бештар мекунад.
Ёди вазирони дифои СҲШ аз қурбониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Моҳи июн дар Маскав нахустин нишасти сарони вазоратҳои дифои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор шуд, ки ба вазъи амалиётӣ дар бахши Афғонистон бахшида шуд. Сергей Шойгу гуфт, ки чунин мулоқотҳо дар платформаи СҲШ низ муҳиманд.
Федератсияи Русия пешниҳод мекунад, ки иқтидори ҷангии Созмони Ҳамкории Шанхай тавассути табодули иттилоот дар соҳаи амнияти низомӣ афзоиш ёбад. Тарҳи созишнома дар бораи табодули фаврии иттилоот байни вазоратҳои дифои кишварҳои узви СҲШ омода шудааст.
Вазири дифои Федератсияи Русия аҳамияти таҷрибаи машқҳои муштарак, тақвияти табодули таҷрибаи пешқадам дар мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро изҳор дошт. Вазифаҳои аввалиндараҷа "мубориза ба муқобили ҳавопаймоҳои бесарнишин, амнияти иттилоотӣ ва биологӣ" хоҳанд буд.
Сергей Шойгу пешниҳод кард, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ ҷаласаи муштараки вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ, аъзои ИДМ ва дигар кишварҳои дӯст баргузор шавад, то масоили амнияти эътилофро баррасӣ кунанд.
Русия барои ташаккули асосҳои ҳуқуқии субот дар Аврупо дар шароити нави бисёрқутбӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.
Ғарб таҳти сарварии Вашингтон аз мавқеи ҷониби Русия дар мавриди густариши НАТО ба самти Шарқ ва ҷойгир накардани аслиҳаи зарбазании ин паймон дар наздикии марзҳои Русияро нодида гирифта, аз низоми амнияти мутақобила даст мекашад.
Сергей Шойгу нақши Иёлоти Муттаҳида ва Ғарби дастаҷамъиро, ки барои нигоҳ доштани бартарияти ҷаҳонӣ аз "фишори бесобиқа ба давлатҳои мустақил... аз шантаж, таҳдид, “инқилобҳои ранга” ва табаддулоти давлатӣ истифода мекунанд" арзёбӣ кард.
Украина ҳамчун асбоби ҷанги гибридии зидди Русия интихоб карда шуд, ки дар қаламрави он, дар 30 лабораторияи Пентагон ҷузъҳои силоҳи биологӣ таҳия шуданд. Чунин амалҳо барои тамоми кишварҳои СҲШ таҳдиди мустақим доранд.
Режими Киев аз иҷрои созишномаҳои Минск сарпечӣ, ба мардуми осоишта дар Донбасс ва дар оянда ба Федератсияи Русия таҳдидҳои низомӣ эҷод кард. Ҳамаи ин зарурати гузарондани амалиёти махсуси ҳарбиро, ки мувофиқи нақша инкишоф меёбад, ифода менамоянд.
Ҷонибдории кишварҳои СҲШ аз таҳияи феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ
Интиқоли аслиҳаи ИМА ва НАТО ба Украина шумораи талафоти инсониро ба маротиб зиёд ва муноқишаи низомиро тамдид мекунад. Ҳадафи ниҳоии Ғарб мунзавӣ намудани кардани Русия аст. Федератсияи Русия аз шарикони худ дар СҲШ "барои мавқеи усулӣ ва дастгирии онҳо" миннатдор аст.
Барои таъмини гегемонияи ҷаҳонӣ ИМА кӯшиш мекунанд, системаи мавҷудаи бехатарӣ дар Ҷануби Шарқи Осиёро низ аз ҳам чудо кунад. Дар паҳлуи ҷанубии фазои СҲШ маҷмуи зиддиятҳои мураккаби байнидавлатӣ мавҷуд аст, маконҳои шиддат ба вуҷуд меоранд ва Вашингтон онҳоро "украинизатсия" карданӣ мешавад.
Барои нигоҳ доштани Чин блокҳои низомию сиёсии QUAD (QUAD) ва AUKUS (AUKUS) таъсис дода мешаванд, кишварҳои минтақа ба ҳамкорӣ бо НАТО ҷалб карда мешаванд. Проблемаи Тайван бо мақсади мувофик тезутунд карда шуда, баҳсу мунозираи ҳудудӣ дар баҳри Чини Ҷанубӣ ва Чини Шарқӣ тезутунд мешавад.
Дар ҳамин ҳол амнияти минтақаро "танҳо бо кӯшишҳои муштарак бо назардошти манфиатҳои ҳамаи давлатҳо, бо нақши марказии АСЕАН ва дигар механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ таъмин кардан мумкин аст".
Ёдовар мешавам, ки Созмони Шанхай (соли 2001 таъсис ёфтааст) ҳашт кишварро дар бар мегирад: Русия, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Узбакистон. Чаҳор давлат – Беларус, Афғонистон, Эрон ва Муғулистон мақоми нозир доранд. Шаш кишвар - Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка шарикони муколамаи СҲШ мебошанд.
Дар соли 2021 тартиби қабули Эрон ба СҲШ оғоз шудааст. Қароргоҳи СҲШ дар Пекин аст. Созмоне, ки қариб нисфи инсониятро дар сайёра муттаҳид менамояд, назир надорад.
Бешубҳа, ояндаи низоми ҷаҳониро имрӯз на дар Аврупову Амрико, балки дар Осиё – дар чаҳорчӯби СҲШ муайян мекунанд. Нигоҳ доштани сулҳу амният яке аз авлавиятҳои асосии созмон боқӣ мемонад.
Натиҷаҳои мулоқоти имрӯза барои рушди минбаъдаи созмон, таҳкими субот дар соҳаи масъулият асос хоҳанд буд. Моҳи сентябр дар Самарқанд идома ва инкишофи ин раванди созандаро шоҳид хоҳем буд.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.