ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия шумори низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро афзоиш дод.
Қарори дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Ҳамин тариқ, раҳбари Русия шумораи штатии Қувваҳои мусаллаҳи Русияро 2 миллиону 39 ҳазору 758 адад муқаррар намуд, ки 1 миллиону 150 ҳазору 628 нафари онҳоро низомиён ташкил медиҳанд.
Илова бар ин, Путин ба ҳукумат дастур додааст, ки аз буҷа барои Вазорати дифоъ ҷудо кардани маблағро таъмин кунад.
Фармони нави раиси ҷумҳури Русия аз 1 январи соли 2023 эътибор пайдо мекунад.
Бори охир шумораи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар моҳи ноябри соли 2017 тағйир дода шуда буд, ки дар пайи он ба 1 миллиону 902 ҳазору 758 воҳид, аз ҷумла 1миллиону 13 ҳазору 628 нафар хизматчиёни ҳарбӣ расид.
Ёдовар мешавем, ки Қувваҳои мусаллаҳи Русия аз Қӯшунҳои хушкигард, Нерӯҳои ҳавоӣ ва Флоти баҳрӣ иборатанд.
Дар охири моҳи март Путин фармони даъват ба хидмати ҳарбӣ аз 1 апрел то 15 июл барои ҷалби 134,5 ҳазор нафарро имзо кард.
Дар ҳамин ҳол Ситоди кулл иртиботе миёни маъракаи даъвати баҳорӣ ба артиш ва амалиёти вижаи Русия дар Украинаро рад кард.
Вазорати дифоъ борҳо гузоришҳо дар бораи нақшаи эълони сафарбарӣ дар Федератсияи Русияро рад кардааст. Дар амалиёти махсус як қисми Қувваҳои мусаллаҳ ширкат мекунанд, ки "шумораи онҳо барои иҷрои тамоми вазифаҳои ба миён гузоштаи Сарфармондеҳи олӣ комилан кифоя аст".