Орзуи кӯдакӣ амалӣ шуд: ҷудокори тоҷик сирри муваффақияташро ошкор кард

Ӯ дар радабандии ҷаҳонии ҷудочиёни ҷавон беҳтарин тоҷикистонист. Чанде пеш орзуи бачагиашро амалӣ кард ва қаҳрамони ҷаҳон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Нуралӣ Эмомалӣ, ҷудокори тоҷик дар бораи нақшаҳои ояндааш сухан гуфт. Вай чанде пеш дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ин навъи варзиш дар шаҳри Гуаякили Эквадор дар вазни 66 кг ғолиб омад.
Дар таърихи ҷудои тоҷик ин дувумин медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон аст. Аввалашро Сомон Маҳмадбеков гирифта буд.
Пас аз ғалаба Нуралии Эмомали дар ҷумҳурия бо шаҳомату ифтихор пешвоз гирифта шуд.
"Шодии ман ҳадду канор надорад. Барои расидан ба чунин қуллаи варзишӣ заҳмат кашидам. Охир, ман аз кӯдакӣ орзуи қаҳрамони ҷаҳон шуданро доштам", - изҳор дошт ӯ бо эҳсоси воло ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ, маҳз хоҳиши қавӣ барои қаҳрамони ҷаҳон шудан ӯро ба пеш тела дод ва аз иҷрои тамриноти сангин сарбаландона баромад.
Шавқи Нуралӣ Эмомалӣ ба ҷудо ҳанӯз дар кӯдакӣ зоҳир шуда буд. Ҳатто дар он вақт, писарбача ба ҷои бозӣ бо ҳамсолон, соатҳои дарозро дар толори варзиш мегузаронид то маҳорати навро касбу сайқал диҳад.
Рейтинги ҷудо: Темур Раҳимов дар ҷаҳон беҳтарин дониста шуд
Оҳиста-оҳиста як ҳаваси зудгузар барои иддае баҳри ӯ маънои ҳаётӣ гардид. Варзишгар аввал мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва баъд вилоятиро фатҳ менамуд. Баъди ин паҳлавон тайёр буд худро дар арсаи байналхалқӣ нишон диҳад.
Барои расидан ба муваффақиятҳо оила ҳамеша пуштибонаш буд. Хешовандону наздикон низ бо дидани маҳорати ӯ доимо ба пеш таҳрик медоданд, ки натиҷааш қаҳрамонӣ шуд.
Ҷудокор аз мураббӣ Фаррух Собиров низ миннатдор аст - маҳз ӯ қаҳрамони ояндаро дар ин ҷавон дида, ӯро ба медали тилло дар сатҳи ҷаҳонӣ расонд.
"Дар оянда боз қавитар мешавам. Барои гирифтани тилло дар чемпионати ҷаҳон байни калонсолон талош хоҳам кард", - ваъда дод Нуралӣ Эмомалӣ.
Маврид ба зикр аст, ки дар раддабандии ҷаҳонии дзюдочиёни ҷавон ӯ беҳтарин аз Тоҷикистон аст.