Ду вакили тоҷик аз парлумон пеш аз муҳлат хориҷ карда шуданд: чаро?

Қарор дар бораи қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳои 2 вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии ин ниҳод қабул гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ваколатҳои вакил Файзулло Машраб Қурбоналӣ пеш аз муҳлат қатъ карда шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ӯ ҳамчунин аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия озод карда шуд.
Қатъи ваколату барканории Машраб Файзулло дар ҳолест, ки ӯ ахиран бо қарори ҳукумат ба вазифаи нав таъйин шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат Файзулло Машраб Қурбоналиро ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия таъйин кард.
Гулбаҳор Назирӣ - муовини нави раиси Бонки миллӣ кист?
Ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон қарор дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии Назирӣ Гулбаҳорро қабул намуданд. Ҳамчунин аз таъйиноти Назирӣ Гулбаҳор Назир ба мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин фармонҳои дигари президент дар бораи тағйироти кадрӣ дар раёсати Бонки миллиро таъйид карданд.
Аз ҷумла Толибзода Фирдавс Назримад муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуда, Шарифзода Фируз Ҳомиддин вазифаи муовини раиси БМТ-ро гирифт.
Салимзода Алиҷон Абдуҷалол муовини дигари навтаъйини раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст, ки фармони таъйиноти ӯро Маҷлиси намояндагон тасдиқ кард.