ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ки бо гирифтани беш аз 60%-и оро ғолиби интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи Фирдавсӣ шуд, ба ҳайси вакили парлумон ба фаъолият шуруъ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, Қурбонзода дар пайи ёд кардани савганд ба ҳайси вакил дар парлумон мақом гирифт.
Аз ҷумла вакилон Қурбонзодаро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия интихоб намуданд. Ӯ дар ин мақом Файзулло Машраб Қурбоналиро иваз намуд, ки ахиран ба вазифаи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия таъйин шуд.
Маврид ба зикр аст, ки қабл аз роҳ ёфтан ба парлумон, Қурбонзода низ ба ҳайси ректор дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият дошт.
Инчунин Шерализода Муҳамадулло Умар, собиқ раиси ноҳияи Варзоб низ ба ҳайси вакили нав аз ҳавзаи Рӯдакӣ савганд ёд кард. Ӯ ба узвияти Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб гардид.
Вакили сеюм, ки тоза ба парлумон ворид гардид, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад мебошад. Ӯ бо гирифтани наздики 55%-и оро вакил аз ҳавзаи Данғара узви Маҷлиси намояндагон шуд.
Бо қарори вакилон, Гулаҳмадзода ба ҳайси узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб шуд.