ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон 548 нафар шахси гирифтори вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 352 нафар мард ва 196 нафар зан мебошанд.
Дар ин бора Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО аз соли 1991 то 30 июни соли 2022 14 540 нафарро ташкил дода, миёни онҳо 9264 нафар мард ва 5276 нафар зан мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қаблан гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳим ин пешгирӣ аз сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак мебошад.
“Дар 6 моҳи соли равон 130 нафар занҳои ҳомилаи гирифтори ин беморӣ таваллуд карданд ва дар 14 нафар зан исқоти ҳамл гузаронида шуд”, - зикр намуд Ҷамолиддин Абдуллозода.
Вай илова кард, ки айни замон 94 нафар занони ҳомила бо сирояти ВНМО зери назорати антенаталӣ қарор доранд. Дар ин марҳила 305 нафар кӯдаконе, ки аз модарони мубталои ВНМО таваллуд ёфтаанд, то марҳилаи 18-моҳагӣ таҳти назорати мутахассисон қарор доранд.
Тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ, Федератсияи Русия аз рӯйи паҳншавии ВНМО дар ҷойи 46 ва Тоҷикистон дар мақоми 95 қарор доранд.
Ҳоло дар ҷаҳон 38 миллион нафар гирифторони ВНМО ҳастанд. Аз се ду ҳиссаи шумораи умумии одамони гирифтори ВНМО дар ҷаҳон дар минтақаи Африқо (25,7 миллион) зиндагӣ мекунанд.