Ташкили комиссия: ваъдаи толибҳо барои расидагии фаврӣ ба арзи рӯзноманигорон

Толибҳо ваъда доданд, ки ба ҳар шикояти расонаҳо алайҳи мақомдорони ин гуруҳ ва ё қудратиҳо ба таври фаврӣ вокуниш нишон хоҳанд дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ҷаласаи нахустини Комиссияи толибҳо дар умури васоити ахбори омма баргузор шуд, хабар Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гуруҳ.
Sputnik Афғонистон аз қавли Муҷоҳид овардааст, ки ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати ҷадиди Афғонистон, Хайруллоҳ Хайрхоҳ баргузор шуд.
Таъкид гардидааст, ки намояндагони расонаҳо низ ба ҷаласаи мазкур роҳ дода шуданд.
Қарор шудааст, ки минбаъд рӯзноманигорон метавонанд арзу шикоятҳои худро дар мавриди аъмоли мақомдорон ва ё қудратиҳои толибҳо ба комисияи мазкур ирсол намоянд.
Толибҳо занонро дар пулис ба кор мегиранд
"Тамоми шикояту муроҷиатҳои дарёфтшуда фавран ба баррасӣ гирифта шуда, ҳал мегарданд", - изҳор доштаст Муҷоҳид.
Вай илова намуд, ки комиссияи ВАО бо назардошти арзишҳои исломӣ, миллӣ ба манфиати кишвару ҷамъият фаъолият хоҳад кард.
Ташкили комиссия дар пасманзари баҳсҳо сари зарурати бастани рӯйи занон - кормандони телевизион зимни намоишҳо роҳандозӣ гардид.
Толибҳо ҳукуматро дар Афғонистон нимаи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эътирофи машрӯият аз ҳукуматдорони ҷадид ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқи занон, аз ҷумла ҳаққи бонувон ба кору таҳсилро талаб дорад.