Сӯхтор аз Рязан сӯи вилояти Маскав ҳаракат дорад

Сӯхтор дар Рязан, ки осори дуди он то қаламрави шаҳри Маскав низ расидааст, аз мавзуъҳои меҳварии ҷаласа дар назди раисиҷумҳури Русия буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Сӯхтори ҷангал дар вилояти Рязан ба самти вилояти Маскав доман паҳн карда истодааст, гуфт мудири идораи хоҷагии ҷангали вилояти Владимир, Евгений Малишев.

"Сӯхтор феълан ба самти ноҳияи Шатурски вилояти Маскав, яъне на ба марзи вилояти Владимир, балки ба самти шимолу ғарб паҳн шудааст", - гуфт Малишев.

Ин масъул таъкид намуд, ки идораашон шабонарӯзӣ вазъ ва ҳаракати сӯхторро назорат мекунад. Ҳоло сӯхтор тақрибан 23 километр дуртар аз марз бо вилояти Владимир ҷойгир шудааст, гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар робита ба сӯхторҳо дар кишвар ҷаласа баргузор намуда, ҳисоботи масъулинро шунид. Ӯ аз ҷумла дастур дод, ки барои хомӯш ва кам кардани хисорот дар вилояти Рязан, ҳифзи одамон ва табиат тамоми чораҳоро андешида шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки аз оғози ҳафта дар вилояти Рязан вазъи изтирорӣ эълон шуда, бархе аз минтақаҳои аҳолинишини он тахлия шудаанд.
Пешгӯии гармии рекордӣ дар Маскав ва ҳушдори ҳавошиносон
Гуруҳи бузурги беш аз 9 ҳазор одам ва ҳудуди 1700 адад техника ба хомӯш кардани оташ дар минтақа равона шудаанд. Аз ҷумла шаҳрдории Маскав низ, ки сокинони он дуди сӯхтори Рязанро эҳсос карданд, барои хомӯш кардани он кумак фиристод.
Бӯи сӯхтор, ки то ҳол низ дар бархе аз навоҳии Маскав эҳсос мешавад, ба гуфтаи "Роспотребнадзор" барои сиҳатии сокинон зарар надорад.
Дар зимн раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи ахир таъкид кард, ки дар кишвар тамоми зарфиятҳо барои вокуниши фаврӣ ба чунин офатҳо мавҷуданд, Ӯ дар ин бахш масъалаи ташкили дурусти корро муҳим хонда, масъулинро барои роҳандозии он муваззаф намуд.