ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Тошканд ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оғоз гардид.
Дар ин бора бо нашри аксҳо Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Белорус - ҳамчун кишвари нозир дар созмон иштирок доранд.
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки дар ҷаласа иштирок дорад, интизор меравад, дар мулоқотҳои дуҷониба низ ҳамкориҳоро баррасӣ намояд.
Дар доираи ҷаласаи вазирони мудофиаи СҲШ инчунин баррасии таҳдиду чолишҳои муосир дар минтақа дар нақша аст. Масоили марбути вазъият дар Афғонистон ва Украина аз мавзуъҳои дигари мулоқот арзёбӣ мешаванд.
Ин мулоқоти вазирони бахшҳои гуногун дар ҳоле сурат мегиранд, ки нимаи моҳи сентябр дар шаҳри Самарқанд роҳбарони кишварҳои узви СҲШ мулоқот хоҳанд дошт.
Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки дар доираи ин ҳамоиш қабули 28 санади байналмилалӣ дар назар аст.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.