ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тоҷикистон аз соҳибкорони тоҷике, ки дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунанд, даъват кардааст, ки дар рушди саноатикунонии кишвар ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар кишвар саҳмгузор бошанд, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ.
Тибқи иттилои манбаъ ин масала ахиран дар дидораи Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато Равшан Бобохонзода бо фаъолони диаспора ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Алмаато матраҳ гардидааст.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ Консули генералӣ дар бораи ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар ва Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026 маълумот дод.
“Онҳоро ба рушди саноатикунонии кишвар, саҳмгузорӣ дар таъсиси корхонаҳои муштарак ва масъалаи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд”, - қайд намудааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ хабар додааст, ки фаъолони диаспора ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Алмаато зимни суҳбат пешниҳодҳои мушаххаси худро ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ироа намуданд.