ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ташкилотҳои қарзие, ки пули муштариро ба суратҳисоби тақаллубӣ интиқол додаанд, вазифадор мешаванд, ки дар давоми 30 рӯз маблағро ба ҷабрдида баргардонанд.
Ин нукта дар тарҳи тағйирот ба қонунгузорӣ дар мавриди низомҳои пардохти Русия таъкид шудааст.
Дар шарҳи тағйирот ба РИА "Новости", сардори бахши амнияти иттилоотии раёсати Бонки марказии Русия, Вадим Уваров таъкид кардаст, бонк муваззаф мешавад давоми 30 рӯз пули мизоҷро пурра баргардонад. Барои ин кор 60 рӯз дода мешавад, агар маблағи мизоҷ ба суратҳоисоби қаллобон дар хориҷ гузаронда шуда бошад.
"Дар шакли ниҳоии лоиҳа пешбинӣ шудааст, бонкҳое, ки ба суратҳисоби қаллобӣ маблағ интиқол додаанд, бояд дар давоми 30 рӯз аз санаи гирифтани ариза тамоми маблағро ба муштарӣ баргардонанд. Барои интиқоли фаромарзӣ, мӯҳлат 60 рӯз дар назар аст", - гуфт Уваров.
Чунин ташаббус дар ислоҳот ба қонун дар бораи низоми пардохти миллӣ, ки бо иштироки Бонки марказӣ таҳия шудаст ворид гардида, ҳамчунин лоиҳаи қонун дар бораи табодули иттилоот бо Вазорати корҳои дохилиро фаро мегирад, ки аллакай аз ҷониби Думаи давлатӣ қабул шуд.
Уваров таъкид намудаст, ки маблағ дар сурате баргардонда мешавад, ки пул ба суратҳисоби қаллобон, ки маълумот дар бораи он дар махзани Бонки марказӣ мавҷуд аст, гузаронда шавад.
Илова бар ин, ниҳоди танзимкунанда пешниҳод менамояд, ки мӯҳлати дурӯза ҷорӣ карда шавад, ки дар давоми он бонки ирсолкунанда тавонад интиқоли маблағро ба суратҳисоб, ки маълумот дар бораи он дар махзани танзимкунанда мавҷуд аст, боздорад.