Медведев: Кафолати амниятро ба Украина танҳо созиш бо Русия медиҳад

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия изҳороти Киев дар бораи омодасозии аввалин санади ҳовии тавсияҳо барои кафолати амнияи Украинаро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Танҳо созишнома бо Русия метавонист ба Украина кафолати амниятӣ диҳад, ягон ҳамсояи дигар ба ин кор қодир нест.
Ин нуктаро муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев дар посух ба изҳороти Киев дар бораи омодасозии аввалин санади дорои тавсияҳо дар бораи кафолатҳои амниятӣ барои Украина, баён дошт.
Дар бораи омодасозии чунин санад роҳбари дафтари президенти Украина, Андрей Ермак хабар дода, афзуд, то охири август пешниҳод мешавад. Ба гуфтаи вай, санад тавсияҳо барои гурӯҳи кориро фаро мегирад, ки ҳамроҳ бо Ермак раҳбарии онро собиқ дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен ба уҳда дорад.
Дар вокуниш ба ин иддао Медведев изҳор дошт, ки ҳеҷ як ҳамсояи Украина наметавонад амнияташро кафолат диҳад, ҳатто агар нисбати Русия сахт нафрат дошта бошанд ҳам.
Володин гуфт, чаро Зеленский аз мурофиаи ҷангиёни украинӣ метарсад
"Танҳо созишнома бо Русия метавонист кафолати амниятӣ диҳад. Аммо ҳукумати Украина, ки аз пул ва мушакҳои Ғарб ҳавасманд шуда буд, онро рад кард", - гуфт Медведев дар "Telegram".
Ҳамзамон муовини раиси Шӯрои амният изҳори итминон кард, ки ҳеҷ кас Украинаро ба узвияти НАТО қабул намекунад. Ба гуфтаи Медведев, режими Киев дарк мекунад, ки ҳеҷ гуна кафолати амниятӣ барои он, ҳатто аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, ИМА танҳо ба хотири манофеяш кор мекунад ва ба зудӣ Украинаро фаромӯш хоҳад кард.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.