ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар соли 2023 ҳаҷми содироти маҳсулоти ғизоӣ аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск 2-3 баробар афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ин бора ТАСС аз қавли муовини раиси Шӯрои машваратии назди консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, Ёқубҷон Умаров хабар дод.
Вай зикр намуд, ки ахиран аз Свердловск як ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии директори Агентии содирот боздид карда буд. Ҳайати меҳмонон дар мулоқот бо ҷониби мизбонон афзоиши содироти меваю сабзавотро баррасӣ карда, ҳар ду ҷониб ҳавасмандияшонро барои татбиқи ин иқдом баён доштаанд.
Аз ҷумла ба мақомдорони Свердловск пешниҳод шудааст, ки бо вилояти Хатлон созишномаи ҳамкорӣ имзо кунанд.
"Онҳо бо чанд соҳибкор дар мавриди интиқоли намак, сабзавот, мева, меваи хушк шартнома бастанд, ки аллакай мавриди татбиқ қарор гирифтаанд", - таъкид кард Умаров.
Ба гуфтаи вай, барои зиёд кардани муомилоти мол Тоҷикистон ниёз ба сардхонаҳо дорад.
"Сардхонаҳо лозиманд, ки ҳосил ғундошта шаваду вайрон нагардад ва аз он ҷо аллакай ба вилояти Свердловск фиристода мешавад", - афзуд дипломат.
Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии ҳавзаи федеролии Урал бо Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2022 беш аз 70 млн долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад. Ҳаҷми умумии гардиши мол миёни вилояти Свердловск ва Тоҷикистон дар соли 2021 ба 50 млн доллар расидааст.