ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар соли 2022 озмуни шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” ташкил ва баргузор мешавад.
Қарор дар ин бораро Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе имзо кард. Бар асоси қарор, ҳадафи озмун дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ гуфта шудаст.
Фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Тоҷикистон аз аҳдофи дигари озмун арзёбӣ гардиданд.
Рустами Эмомалӣ низомнома, ҳайати комиссия, ҳайати ҳакамон ва харҷномаи озмуни шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе"-ро тасдиқ кардаст.
Сарраёсати молияи Душанбе муваззаф шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт, барои ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" беш аз 1 млн сомонӣ ба Сарраёсати маориф ҷудо намояд.
Дар қарор мақомоти Душанбе муваззаф шудаанд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун чораандешӣ кунанд.
Масъулияти назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шудаст.