Азми мақомот барои ҷалби сармоягузорон ба Кӯлоб

Мақомоти Тоҷикистон бо баргузории ҳамоишу мулоқот азм доранд, барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ маблағ ҷалб созанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Шаҳри Кӯлоб мизбони Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" мешавад, хабар дод дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон. Ба иттилои манбаъ, баргузории ин чорабинӣ 26 август дар назар аст.
Тавзеҳ дода шуд, ки дар доираи форум намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бахши саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонии бонкӣ пешкаши меҳмонон мегардад.
"Аз ин рӯ аз тамоми сармоягузорон хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштарак дар Форуми байналмилалии иқтисодии "Кӯлоб-2022" иштирок намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Мақомоти Кӯлоб аз соҳибкорони Туркия, Эрон ва Белгия хоҳиши сармоягузорӣ карданд
Нақшаи баргузории ин чорабинӣ дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Форуми байнулмилалии "Pamir Invest 2022" дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд.
Бархе манобеъ аз созишҳо ба маблағи даҳҳо миллион доллари амрикоӣ миёни ҳукумат ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ хабар доданд, ки дар доираи форум дар Помир ҳосил шудаанд. Таъкид гардид, ки аксари тарҳҳо дар Хоруғ амалӣ мешаванд.
Аз ҷумла зикр шуд, ки ҳукумат шаҳрро пурра бозсозӣ хоҳад кард. Масалан, ширкатҳои сохтмонии ватаниву муштарак дар шаҳр 20 бинои нуҳманзила хоҳанд сохт. Варзишгоҳи Хоруғ бозсозӣ мешавад ва боғи шаҳр пурра аз нав сохта хоҳад шуд. Раёсати нақлиёти шаҳрӣ низ автобусу мусофиркашонҳои нав дастрас хоҳад кард, афзуд манбаъ.
Мақомоти Тоҷикистон бо баргузории ҳамоишу мулоқот азм доранд, бо татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ маблағ ҷалб созанд.