Рустам Соиров барои унвони қаҳрамонӣ дар Эстония мубориза мебарад

Футболбози ҷавони тоҷик, ки имсол аз ҷониби бошгоҳи футболи Эстония харида шуд, барои дарёфти мақоми қаҳрамонӣ мубориза мебарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Футболбози тоҷик Рустам Соиров дар ҳайати бошгоҳи "Левадия" дар Эстония барои медали тило рақобат мекунад.
Дар ин бора ҳамлагари умедбахш барои аввалин бор пас аз рафтан ба бошгоҳи хориҷӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
То кунун дастаи нави Соиров бо 63 имтиёз дар зинаи 2-юм қарор дорад. Ин маънои онро дорад, ки варзишгари тоҷик имкони қаҳрамони Эстония шуданро дорад.
Футболбоз гуфт, ки аз имкони нави рушди касбӣ дар Эстония хеле қаноатманд аст.
"Ин барои ман як такон дар касбият аст. Ман тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳам дод, то дар ин даста муваффақ шавам. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки хуб баромад карда, бозии хуб нишон диҳам".
Ҳамлагар афзуд, ки барои нишон додан ва исбот кардани маҳорат талош хоҳад кард. Бозигари нави "Левадия" метавонад пас аз гирифтани раводиди корӣ, ки интизор аст, бозиҳоро оғоз кунад.
Ёдовар мешавем, ки Соиров дар мавсими имсола ба бозӣ дар Эстония рафта буд. Нархи бозории ӯ 300 ҳазор евро аст.
Аз ту буд - аз ман шуд: натиҷаи интиқолҳои тобистонаи футбол дар Тоҷикистон
Дар бошгоҳи футболи Эстония, аз рӯи нархе, ки онҳо барои ворид шудани футболбози тоҷик ба ҳайати он бояд пардохт мекарданд, дар панҷгонаи беҳтарин қарор дорад. Шартнома то соли 2026 имзо шудааст.
Бояд гуфт, ки Рустам Соиров соли 2020 ба феҳристи истеъдодҳои асосии футболи Осиёи Марказӣ ворид шуда, аз тими ҷавонони "Истиклол" ба тими калонсолон гузашт.
Ӯ ягона нафаре аз тими миллӣ аст, ки тавонист дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон бар тими Аргентина дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ зарбаи 11-метра занад.