ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ба бозорҳои шаҳри Хоруғ ва дигар минтақаҳо садҳо тонна ангишт дастрас гардид, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Дар бозори "20-солагии Истиқлолият" ашёи хом ба фурӯш гузошта мешавад. Дар рузи якуми ярмарка фуруши ангишт ба вилоят 900 тонна ангишт оварда шуд.
Ба гуфтаи муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Ангишти тоҷик" Ҳусейн Асоев, тибқи қарори ҳукумат, ба минтақа пешакӣ, қабл аз фарорасии сардӣ ангишт бурда шуд.
"Корхонаҳои ангишти ҷумҳурӣ ба миқдори зарурии маводи сӯзишворӣ омода карда, интиқоли онро, пеш аз ҳама, ба шаҳру навоҳии ВМКБ оғоз намуданд", - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки дар ин минтақа сармо барвақт оғоз шуда, бар асари боришот эҳтимоли баста шудани роҳҳо аллакай дар аввали тирамоҳ вуҷуд дорад.
Ҳамакнун ба корхонаҳои истихроҷи ангишт – "Шахтаи Яғноб", "Талко Ресурс", кони ангишти Зиддӣ, Корхонаи металлургии Тоҷикистон ва корхонаи Ангишти Камароб муваззаф шудаанд, ки аҳолии шаҳру навоҳии Помирро бо ангишт таъмин кунанд.
Раёсати шаҳри Хоруғ тавзеҳ дод, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон ба сокинон ва кормандони шӯъбаву муассисаҳои иҷтимоӣ беш аз 38 ҳазор тонна ангишт эҳтиёҷ дорад, ки беш аз нисфи он дар анборҳои ин муассисаҳо маҳфуз аст.