ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Ёвон як кӯдаки хурдсол бар асари бетаваҷҷуҳии волидон ба ҳалокат расидааст, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи маргбор дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст.
КҲФ тавзеҳ дод, ки сокини 9-солаи деҳаи Баҳор, ки ба сайру гашт баромада будаст, ғарқ шудаст. Маълум шуд, ки писарбача тасмим гирифтааст, ки дар канали байни маҳалла шино кунад, ки дар натиҷа ғарқ гардидаст.
Мақомот гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо намудани ҷасади кӯдак идома доранд.
"Сабаби марги кӯдак беэҳтиётии волидайн аст, ки ӯро бе назорат дар як ҳавз гузоштаанд", - гуфт КҲФ-и кишвар.
КҲФ ба волидон хотиррасон кардааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд, бахусус дар наздикии об. Таъкид шудааст, ки қоидаҳои бехатариро дар ҳавзу дарёҳо риоя намоянд. Оббозӣ берун аз майдонҳои муҷаҳҳаз манъ аст ва ба ҳаёт хатар дорад, таъкид намуд КҲФ.
Ин дар ҳолест, ки танҳо дар 6 моҳи соли равон ба хотири риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 84 нафар дар рӯдхонаҳо ва обанборҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 маврид бештар аст.
Дар миёни ғарқшудагон 7 кӯдаки то 4 сола, 15 кӯдаки аз 5 то 10 сола, 24 нафар ноболиғон аз 11 то 16 сола, 27 нафар аз ҷавонон аз 17 то 35 сола ва 11 нафари дигар аз 35 сола боло ғарқшуда ҳастанд.