ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Пулиси Покистон рӯзи 22 август нахуствазири пешини ин кишварро ба терроризм муттаҳам кард.
Ин иттиҳом пас аз он эълон шуд, ки Хон ҳангоми суханронияш дар Исломобод ваъда дод, додрасҳо ва афсарони пулисро ба додгоҳ хоҳад кашид.
New York Times менависад, бисёриҳо бим доранд, ки боздошти ӯ метавонад кишварро ба як даври нави нооромиҳои шаҳрвандӣ ва эътирозҳои хушунатомез оварад.
Гузоришҳо ҳокист, ки чанд соат пас аз пешниҳоди гузориши пулис алайҳи ӯ, нерӯҳои пулис манзили Имрон Хонро муҳосира карданд ва эҳтимоли боздошти нахуствазири собиқи Покистон аз сӯи нерӯҳои амниятӣ ва пулис вуҷуд дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Имрон Хон дар суханронии худ дар гирдиҳамоии рӯзи шанбе алайҳи қозӣ Зебо Чоудрӣ, ҳамчунин пулис, Кумиссиюни интихоботии Покистон ва дигар мухолифони сиёсӣ иттиҳом кард ва ҳушдор дод, ки бояд бо паёмадҳои рафтори худ рӯбарӯ шаванд.
"Худро омода кунед", - гуфтааст.
Ин суханони Имрон Хон боис шуд, ки Идораи расонаҳои рақамии Покистон дар ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва моҳвораӣ пахши суханронии мустақими Имрон Хонро манъ кунад.
Ин созмони расонаии покистонӣ дар бораи сензураи пешгирикунандаи Имрон Хон тавзеҳ додааст, ки Хон тавассути баёнияҳои шӯришангези худ алайҳи ниҳодҳо ва афсарони давлатӣ пайваста онҳоро ҳадаф қарор медиҳад ва ин суханони нафратангези Хон мухолифи таъмини тартибот ва сулҳу осоиш.
Ёдовар мешавем, ки Хон ба наздикӣ дар моҳи апрели соли 2022 пас аз раъйдиҳии баҳсбарангези нобоварӣ аз ҷониби вакилони порлумон аз мақоми нахуствазири Покистон барканор шуд, ки онро як тавтеаи таҳти раҳбарии ИМА арзёбӣ кард.