Даъват аз низомиёни Бритониё барои омодагӣ ба ҷанг бо Русия

Афсари баландпояи артиши Бритониё Пол Карнӣ аз низомиён даъват кард, ки ба ҷанги эҳтимолӣ бо Русия омодагӣ гиранду наздиконашонро низ омода созанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Сарбозони бритониёӣ бояд хонаводаҳои худро огоҳ кунанд, ки метавонанд ба ҷанг бо Русия фиристода шаванд.
Ин пешниҳодро афсар Пол Карнӣ аз тариқи маҷаллаи расмии артиши Британия - "Soldier" баён дошт.
Ӯ афзуд, ки нерӯҳои Бритониё дар ҳоли ҳозир барои муқобила бо таҳдиди Русия омодагӣ мебинанд ва омодаанд ба ҳар гуна таҷовуз муқобилат кунанд.
Ба гуфтаи ин низомӣ, фурсат аст, ки хешовандон ва дӯстони сарбозони Бритониёро дар бораи фиристодани эҳтимолии онҳо ба шарқ омода кунанд.
"Ман мехоҳам, ки ҳамаи мо бисанҷем, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ба ҷанг омода ҳастем. Инчунин муҳим аст, ки мо наздикон ва оилаҳоро омода кунем, ки аксар вақт дар набудани мо ҳолати душвортарин доранд", - гуфт Карни.
Карни инчунин аз кормандони низомӣ даъват кард, ки рақамҳои телефонҳои шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва руҳониёнро пайдо кунанд. Ба гуфтаи ин афсар, "артиши Бритониё дар ҳоли ҳозир ба муқобила бо "таҳдид"-и Русия омодагӣ мегирад ва барои ҷанг омода аст".
Афсари артиши Бритониё афзуд, ки ҷаҳон рӯзи 24 феврал тағйир ёфт ва Бритониё бояд ба воқеиятҳои нав омода бошад.
Путин гуфт, ки Русия чӣ гуна сиёсатро пеш мегирад
Қаблан Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, ки истеъфо дод, дар посух ба суол дар бораи имкони омодагӣ ба низоъ гуфта буд, фикр намекунад, ки "кор то ба ин ҳад мерасад".
Ба гуфтаи вай, ҳоло кишварҳои НАТО ба Украина кумак мекунанд, то аз худ дифоъ кунад.
Дар ҳамин ҳол, Русия дар мавриди интиқоли силоҳ ба Украина аз сӯи кишварҳои НАТО нота фиристода буд. Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии зарбаи Русия мешавад. Вазир таъкид намуд, ки кишварҳои НАТО бо оташ бозӣ мекунанд.