ДУШАНБЕ, 22 авг - Sputnik. Даромади ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон давоми ҳафт моҳи гузашта ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи кишвар, даромади софи ширкатҳои мобилӣ бештар аз 1,6 миллиард сомонӣ ва ё зиёда аз 155 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳандаи даромад нисбат ба ҳамин давраи соли қабли 218 миллон сомонӣ бештар будааст.
Ҳамзамон, даромади оператори миллии мухобиротӣ (Тоҷиктелеком), Корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи Тоҷик" ва воҳидҳои Хадамоти алоқа 4,9% боло рафтааст.
Даромади операторҳои миллӣ 97,7 миллион сомониро ташкил кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳиссаи ширкатҳои хусусӣ дар бозори хизматрасонии алоқа 94,4 дарсадро ташкил дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкатҳои ҶСП "Индиго Тоҷикистон" (Tcell), ҶСП "ТТ-Мобайл" (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП "Вавилон Мобайл" ва ҶДММ "Таком" (ZetMobile, собиқ Билайн) пештозанд.
Бинобар охирин додаҳои ин ниҳод, шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 7,9 млн ададро ташкил медиҳад, ки беш аз 5,4 млн фаъол мебошанд. Теъдоди корбарони интернет дар кишвар 3,5 миллион гуфта мешавад.