Шойгу: Инзивои Русия татбиқнашаванда мебошад

Вазири дифои Русия талошҳои Ғарбро барои инзивои ФР-ро барабасрафта гуфта афзуд, ки ин ба худкифоии кишвар дар бахшҳои гуногун бастагӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Русияро дар инзиво қарор додан қариб ғайриимкон аст, изҳор дошт вазири дифои кишвар, Сергей Шойгу.
"Изҳороти пайвастаи баланд дар бораи "инзивои Русия" низ далели он аст, ки ин аз воқеият дур нест. Умуман расидан ба ин хеле душвор аст ва агар дар бораи кишвари мо сухан гӯем, амалан ғайриимкон мебошад", - гуфт вазир аз тариқи шабакаи "Россия-24".
Вай гуфт, чунин як қудрати калони ҳастаӣ ба мисли Русия, инчунин бузургтарин кишвар аз ҷиҳати масоҳатро дар бунбаст қарор додан мумкин нест.
Шойгу инчунин Русияро як кишвари дорои илми пешрафта, дорои саноат ва маҷмааи саноатии ҳарбӣ арзёбӣ намуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу гуфт, Русия кай аз силоҳи ҳастаӣ истифода мекунад: дар Украина чӣ?
Ба гуфтаи ӯ, "бисёрҳо" умедвор буданд, ки амалиёти вижаи Русия дар Украина ба навъе ба теъдоди корхонаву ширкатҳое, ки дар форуми "Армия-2022" ширкат мекунанд, таъсир хоҳад гузошт.
"Ба шумо мегӯям, ки дӯстон боқӣ монданд. Ин ҳама фишорҳо аз ҳар тараф ба онҳо таъсир нарасонд", - гуфт Шойгу.
Вай ҳамчунин таъкид намуд, ки ин ҳама ба теъдоди ширкаткунандагони чорабинӣ, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд ва ба ҳаҷми хариди силоҳи Русия таъсир нарасонд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран форуми "Армия - 2022" баргузор шуд, ки дар доираи он созишҳо барои хариди силоҳу лавозимоти низомии Русия ба маблағҳои бузург баста шуданд.