Ҳушдори обуҳавошиносон аз якбора сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз якбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳушдор додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тибқи иттилои обуҳавошиносони тоҷик шурӯъ аз 21 август дар саросари ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати ҳаво аз 5 то 7 дараҷа пешгӯӣ карда мешавад.
Обуҳавошиносон мегӯянд бо сабаби ҳаракати ҳавои муссонӣ ва таъсири он интизор меравад, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои наздик борон борад.
Манбаъ қайд намудааст, ки ҳаво рӯзҳои наздик дар водиҳо ва навоҳии тобеи марказ, шаҳри Душанбе то 35 дараҷа ва баъдан то охири моҳ то 37 дараҷа гарм ва дар қисмати ҷанубии кишвар- вилояти Хатлон то 39 дараҷа гарм шуда, вазиши чангу ғубор дар назар аст.
Қарор аст дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар водиҳо шабона то 23 дараҷа, рӯзона то 36 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 12 дараҷа ва рӯзона то 29 дараҷа гарм мешавад.
Ҳушдори Раҳмон аз оқибатҳои гармӣ ва мушкили нави ҷаҳонӣ
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳавон рӯзона то 37 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона то 20 дараҷа, рӯзона то 31 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 9 дараҷа ва рӯзона то 21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ҳаво дар водиҳо шабона то 22 дараҷа, рӯзона то 39 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 16 дараҷа ва рӯзона то 34 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона то 21 ва рӯзона то 37 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои обуҳавошиносони мамлакат, 20-21 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.