ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Нуриддин Азизӣ, вазири санъату тиҷорати давлати муваққати толибон дар сафараш ба Маскав бо Павел Сурукин, муовини вазири энержии Русия дидор ва гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Азизӣ дар ин дидор гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозири маводи нафтӣ ва гази моеъ мавриди ниёзи бозорҳои Афғонистон аз кишварҳои ҳамсояи ин кишвар таъмин мешавад.
Вазири санъату тиҷорати толибон гуфтааст, ки Афғонистон дар ҷустуҷӯӣ шуракои ҷадиди тиҷории худ дар арсаи нафту газ аст.
Вай афзуд, ки Русия метавонад яке аз шуракои ҷадиди маводи нафтӣ ва гази моеъи Афғонистон бошад.
Вай изҳор дошт, ки дар поёни ин дидор тасмим гирифта шуд то ҳайатҳои фаннии ду тараф рӯйи ҷузъиёти ақди харидории маводи нафтӣ ва гази моеъи музокиротиро оғоз ва натоиҷи онро барои тасмимгирӣ бо мақомоти ду тараф шарик кунанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки ҳайати вазорати санъату тиҷорати гуруҳи толибони ахиран вориди Маскав шуд.
Як ҳайати тиҷории фиристодашуда аз сӯйи давлати толибон музокиротро бо ҳамтоёни рӯсӣ дар Маскав оғоз хоҳад кард.
Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон дар мавриди сафари ин ҳайат гуфта буд, ки тарафи Афғонистон қасд дорад дар бораи арзаи равған, ғаллот ва равғани гули офтобпараст гуфтугӯ кунад.
Як манба дар Маскав гуфт, ки ин музокирот то чаҳоршанбе барномарезӣ шудааст ва аз ҷумла дар вазорати кишоварзӣ ва вазорати энержии Русия баргузор хоҳад шуд.