Таваққуфи лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 дар Афғонистон

Раиси иҷроияи лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000, Тоҷикистон бо иддаои ошуфта хондани вазъияти Афғонистон эълон кард, ин пружа мутаваққиф шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Интизор меравад фазаи поёнии ин пружаи КАСА-1000 соли оянда дар се кишвари дигар ба итмом бирасад, аммо на дар Афғонистон, изҳор доштааст Файзалӣ Самиев, раиси иҷрои пружаи интиқоли барқ CASA-1000-и Тоҷикистон.
Гуфта мешавад Бонки ҷаҳонӣ аз яке азтамоюлкунанда ва ҳомиёни калидии ин пружа, тасмим гирифтааст дар ҳоли ҳозир бар соири мавориди зарурӣ дар Афғонистон аз ҷумла “маориф”, “зироат”, “саломат” ва “барномаҳои муҳими хонаводагӣ” тамаркуз кунад .
Раиси иҷрои пружаи интиқоли барқи CASA-1000-и Тоҷикистон иброз умедворӣ кард тамосҳое бо тарафи Афғонистон барои иҷрои ин пружа барқарор шавад.
Тибқи иттилои расонаҳо Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли тобистони барқи зиёд тавлид мекунанд, аммо дар зимистон бо камбӯди барқ рӯ ба рӯ мешаванд, бинобар ин маҷбуранд нафт ё барқро аз соири кишварҳои минтақа харидорӣ кунанд.
Вазири толибҳо бо дипломатҳои Осиёи Марказӣ аз CASA-1000 гуфт: намояндаи Тоҷикистон набуд
Тарҳи пружаи интиқоли барқи CASA-1000, соли 2005 дар конфаронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақа матраҳ шуд ва қарор буд дар соли 2020 маврид баҳрабурдорӣ қарор гирад.
Интизор мерафт аз тариқи пружаи CASA 300 мегаватти барқ ба Афғонистон ва 1000 мегаватт барқ ба Покистон мунтақил шавад.
Аз тариқи пружаи CASA-1000 барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон мунтақил мешавад.
Ин пружа ба арзиши 1,2 миллиард доллар таҳти ҳимояти кишварҳои ғарбӣ қарор дошта, аммо акнун дар мавриди идомаи фаъолияти он тардидҳое ба вуҷӯд омадааст.