ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рух додани як садамаи маргбор дар вилояти Суғд хабар доданд.
Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон садамаи мазкур 19-уми августи соли равон дар шаҳри Исфара сар задааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Султонхӯҷаев Ҳадиятулло, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи марказии шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби бетонӣ бархӯрдааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон ВУД Тоҷикистон илова кардааст, ки дар натиҷаи садама, худи ронанда Султонхӯҷаев Ҳадиятулло ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Масъулини вазорати умури дохила хабар доданд, ки дар ҳоли ҳозир нисбати ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки садамаи маргбор дар ноҳияи Мастчоҳ рух дода, мақомоти умури дохилии минтақа сабаби рух додани онро ноуҳдабароии ронанда арзёбӣ намудаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, зани 52-сола ва наберааш - духтарчаи 3-соларо, ки аз роҳ мегузаштанд, пахш карда буд.