ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Экипажи танки артиши Тоҷикистон таҳти фармони лейтенанти калон Шарипов Насимҷон дар даври дувуми мусобиқаҳои байналмилалии низомӣ дар тамрингоҳи Алабинои Русия масофаро дар 32 дақиқаву 52 сония тай карда, ҷои якумро ба даст овард.
Баъд аз дастаи Тоҷикистон дастаи Осетияи ҷанубӣ (41 дақиқа), Абхозистон (43 дақиқа) ва Судон (51 дақиқа) хати ниҳоиро убур карданд.
Ҳайати танкистҳои Тоҷикистон, ки ҳама аз афсарон иборат буд, дар даври дувуми мусобиқаи баййналмилали Бозиҳои низомӣ дар тамрингони Алабинои вилояти Маскав ҷои якумро соҳиб шуд.
Ба экипажи таҳти фармони лейтенанти калон Шарипов Насимҷон муяссар шуд, ки масофаи муқарраршударо дар 32 дақиқаву 52 сония тай кунад.
Гуфта мешавад, экипажи Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо Судан, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон сабқат кардааст. Экипажҳо аз кишварҳои мухталиф дар ин сабқат аз танки русии Т-72Б3 истифода бурдаанд.
Марҳалаи аввали сабқат - ҳаракат бо усули "мор” ("змейка”)-ро ҳама бо муваффақият пушти сар карданд, вале дар марҳалаи дувум – тирпарронӣ аз тӯпи танк – бархе аз экипажҳо тирҳоро ба ҳадаф расонда натавонист.
Экипажи Тоҷикистон, ки ҳама аз афсарон иборат буд, дар маҷмӯъ вазифаи дар наздаш гузошташударо хуб иҷро карданд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 13 август дар расми ифтитоҳи Бозиҳои низомӣ дар Алабино вазири дифои Русия Сергей Шойгу низ ширкат дошт. Сабқатҳо байни намояндагони артишҳои 15 кишвар дар маҷмӯъ дар 22 тамрингоҳи низомии артиши Русия доир хоҳанд шуд.