ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Парвандаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон шаффофу одилона баррасӣ карда шаванд.
Ин дастурро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо кадрҳои навтаъйин дар мақомоти суд, прокуратура ва сохторҳои қудратии кишвар баён доштаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбат махсусан ба таъмини адолати судӣ таъкид намуд.
Аз таъкидоти дигари роҳбари давлат мубориза бар зидди хариду фурӯши замин ва қонуншиканиҳо дар ин самт, таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ будаанд.
Раҳмон аз кадрҳои ҷавон хостааст, бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд.
Ба кор бо ҳисси баланди масъулият муносибат карда, барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида аз худ қобилияти хуби ташкилотчигӣ нишон диҳанд, таъкид кардаст ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин роҳбарони сохторҳои давлатиро муваззаф кардааст, ки дар интихобу ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби занону бонувон ва ҷавононе, ки донишҳои мукаммали замонавӣ дошта, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро медонанд, таваҷҷуҳ кунанд.