ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Таҳкими ҳамкориҳо дар заминаи амнияти низомӣ ва мубориза бо терроризм аз мавзӯъҳои аслии мулоқоти Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва ҳамтои руси ӯ Николай Патрушев дар Тошканд буд.
Ба иттилои дафтари матбуоти дастгоҳи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия мулоқоти Маҳмудзода ва Патрушев дар Тошканд, аз масоили марбути Афғонистон то Украинава ғайраро фаро гирифтааст.
"Ҷонибҳо раванди рушди муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон, инчунин сатҳи баланди ҳамкориҳоро дар шакли минтақавию байналмилалӣ, аз қабили ИДМ, СААД, СҲШ таъкид намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин таъкид шудааст, ки сафари кории президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи июни соли равон ба таҳкими равобити иттифоқӣ миёни ду кишвар такони иловагӣ бахшид.
Дабирони Шӯрои амният таваҷҷуҳи хосро ба вазъияти Афғонистон зоҳир кардаанд. Аз ҷумла, бӯҳрони башардӯстиву иқтисодӣ ва афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар мояи нигаронӣ арзёбӣ шудааст.
Илова бар ин, ҷонибҳо ба авзоъ дар Украина ва қаламравҳои ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дахл карданд.
Дар ин мулоқот Патрушев ба Маҳмудзода аз амалҳои золимонаю миллатгароёни украинӣ ва нерӯҳои мусаллаҳи Украина алайҳи мардуми осоишта гуфтааст. Аз ҷумла аз истифодаи минаҳои зидди пиёдагардони "Лепесток" гуфтааст, ки боиси марги одамон, аз ҷумла кӯдакон мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СҲШ барои иштирок дар нишасти 17-уми солонаашон вориди Тошканд шуданд.