ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Мақомоти шаҳри Губкинск дар вилояти мухтори Ямало-Ненетс сабаби коҳиши теъдоди хориҷиёнро ошкор карданд.
Таъкид шудаст, ки дар соли ҷорӣ хуруҷи муҳоҷирон аз ин минтақа беш аз 3 баробар афзоиш ёфтааст.
Бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистон мераванд, ки дар минтақа дар бахши муҳоҷирати корӣ бартарӣ доранд.
Мақомот сабаби ба ватан баргаштани хориҷиёнро ноустувори қурби асъор унвон кардаанд.
"Ҳамин тавр, дар нимсолаи аввали соли 2022, 512 муҳоҷир ба Тоҷикистон баргаштанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 3,2 баробар зиёд аст", - омадааст дар хабари ҳукумати вилоят.
Таъкид шудааст, ки инчунин 264 муҳоҷир ба Ӯзбакистон рафтанд.
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, ки бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ ба далели ноустувории қурби асъор, зимни интиқоли пул ба мушкил дучор шудаанд. Маҳз ин омил яке аз сабабҳои аслии баргаштани муҳоҷирон ба ватанашон арзёбӣ мегардад.
Зикр гардидаст, ки соли равон ба Губкинск аз мамлакатҳои бидуни раводид қариб 5 ҳазор нафар омадаанд. хои бе виза қариб 5000 нафар омадаанд.
Аз рӯи теъдод дар ин миён шаҳрвандони Беларус пешсафанд. Миёни атбои хориҷие, ки аз тариқи низоми равдод ба ин шаҳр омадаанд, бештарашон шаҳрвандони Туркия ва Чин гуфта мешавад.
Дар шаҳр асосан хориҷиён дар соҳаи сохтмон кор мекунанд. Илова бар ин, шаҳрдорӣ қайд карда, ки дар минтақа фазои мусбати ҳамкории сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон вуҷуд дорад.