ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷаи толибон дар нишасти уламо дар Қандаҳор ҳангом суханрониаш гуфт, умед надошт бошед, ки ба зудӣ расмият ва таъомул сурат гирад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Мо бо Амрико ва панҷоҳ кишвари дигар музокира кардаем, дар чаҳорчуби манофеи муштарак бо онҳо баҳс кардаем. Пешрафтҳое ҳосил шудааст, аммо бархе аз кишварҳо дар ба расмият шинохтан аз сӯйи Амрико зери фишор қарор гирифтаанд, бо ин ҳол равобити диплумотикӣ худро ҳифз мекунанд", - қйд кард оқои Муттақӣ.
Нишасте бо ҳузури мақомҳои толибон дар вилояти Қандаҳор имрӯз 18 август оғоз шуд.
Дар ин нишаст ҳудуди се ҳазор нафар аз аз ҷумла уламои дин, сиёсатмадорони ақшори мухталифи мардуми ширкат доранд.
Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст мақомҳои толибон аз ҷумла мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари ин гурӯҳ иштирок мекунанд.
Мақомҳои толибон мегӯянд, ки ҳадаф аз баргузарии ин нишаст ҳимоят аз ин гурӯҳ аст.
Мақомҳои маҳаллии Қандаҳор гуфтанд, ки нишасти мазкур ҳаммонанди нишаст Кобул аст ва дар он наздик ба се ҳазор нафар иштирок хоҳанд кард.