ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Ҷараёни интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба дигар кишварҳо беист идома дорад, мегӯяд Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев.
Ӯ дар ин бора зимни суханронӣ дар нишасти вазирони умури дохила ва амнияти миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой изҳор дошт.
"Бо вуҷуди изҳороту эъломияи мақомот, ҷараёни интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон суст намешавад",- афзуд ӯ.
Гузашта аз ин, ба гуфи мавсуф "навъҳо" аз ҳисоби метамфетамин ва марихуана васеътар мешавад.
Вазири корҳои дохилаи Русия гуфтааст, ки бесаброна интизорем, ки амалиёти зидди маводи мухаддири "Паутина", ки унсури муҳими фаъолияти амалии мост, аз сар гирифта шавад.
Оқои Колоколтсев гуфт, кӯшишҳои як қатор мамлакатҳо барои суст кардани низоми байналхалқии назорати маводи нашъаовар ҳоло ҳам боиси ташвиши амиқ мегарданд.
"Мо ҷонибдори ҳифз ва таҳкими системаи байналмилалии назорати маводи мухаддир дар асоси се конвенсияи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ҳастем", - таъкид кард мавсуф.
Вай аз зарурати густариши муколама дар ин мушкили глобалӣ миёни СҲШ ва Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ изҳори назар карда, ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҷониби Русия дар ҳошияи ҷаласаҳои дахлдори баргузории чорабиниҳои солонаи сатҳи баланд ва муцовимат ба ин падида мусоидат мекунад.
Қаблан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни як нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки толибон бо ваъдаашон дар бораи мубориза бо маводи мухаддиро иҷро накарданд.
Ӯ таъкид кард, ки раванди вуруди маводи мухаддир дар давраи ҳукмронии онҳо ба маротиб бештар шудааст.
Тибқи иттилои Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани толибон то моҳи июли соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ин ниҳод, дар тамоми давраи соли 2020 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 тоннаю 185 килограммро ташкил медод.