Музокироти Путин ва Тоқаев дар Сочӣ

Дар Сочӣ музокироти руасои ҷумҳурҳои Қазоқистону Русия дар ҳайати маҳдуд ва васеъ ба нақша гирифта шудааст. Сипас роҳбари Қазоқистон ба Боку сафар хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон рӯзи 19 август бо як сафари корӣ ба Сочӣ меояд, иттилоъ додааст Sputnik Қазоқистон.
Қарор аст, зимни сафараш роҳбари Қазоқистон бо Влдаимир Путин кишвардори Русия дидору гуфтугӯ кунад.
Дар ҷараёни гуфтугӯ масъалаҳои мубрами шарикии стратегии Қазоқистону Русия баррасӣ хоҳанд шуд.
Инчунин манбаъ дар истинод ба дафтари матбуоти раисҷумҳури Қазоқистон хабар додааст, ки оқои Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 24 август бо даъвати президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба шаҳри Боку сафари расмӣ анҷом медиҳад.
Қазоқистон овозаҳо дар бораи фурӯши силоҳ ба Бритониё барои интиқол ба Украинаро рад кард
Дар пойтахти Озарбойҷон мулоқоти сарони ду кишвар дар ҳайати маҳдуд ва васеъ сурат мегирад.
Мавзӯи музокирот рушди шарикии стратегӣ миёни Қазоқистону Озарбойҷон бо таваҷҷуҳ ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиёту логистикӣ ва фарҳангию гуманитариро дар бар мегирад.
Зикр шудааст, ки дар натиҷа қарор аст як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо расонида шаванд.